» » » Аввалин Соли нав ва арча дар Тоҷикистон 80 сол қабл дар Душанбе аввалин бор Соли нав таҷлил гардид ва арча гузошта шуд.

. / общество

Аввалин Соли нав ва арча дар Тоҷикистон 80 сол қабл дар Душанбе аввалин бор Соли нав таҷлил гардид ва арча гузошта шуд.


Имрӯз охирин рӯзи соли 2018 аст. Дар назар аст, ки имсол дар Тоҷикистон Соли навро бошукуҳ таҷлил намоянд. Дар маркази Тоҷикистон, майдони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе арчаи солинавӣ бо баландии 27 метр қомат афрохтааст. Дар шаҳру ноҳияҳои дигар ҳам арчаи солинавӣ насб карда шуда, тамоми кишвар фазои идона касб кардааст ва сокинон барои таҷлили Соли нави мелодӣ омодагӣ мебинанд. Аммо кам касон огоҳанд, ки таҷлили Соли нав ва оростани арча расо 80 сол қабл расман иҷозат дода шуд ва аввалин маротиба соли 1938 дар Душанбе арча гузошта шуда, Соли нав бошукуҳ таҷлил гардид.
Соли нав ва арча дар рӯйхати сиёҳ
Солҳои аввали ташкилшавии Иттиҳоди Шӯравӣ натанҳо гузоштани арчаи солинавӣ дар майдонҳои марказии давлатҳо маъмул набуд, балки таҷлили Соли нав низ мамнуъ ҳисобида мешуд. Таҷлили Соли нав ва насби арча нишонаҳои ҷомеаи буржуазӣ дониста мешуд. Солҳои 1930-юм роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ арча ва Соли навро “қонунӣ” карданд, аммо аз ҳар гуна нишонаҳои динӣ “раҳо” намуданд.



















Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Присылайте новости на электронную почту: tamos@orien.info.

забонҳо

АДМИНИСТРАЦИЯ САЙТА:

Все информационные материалы сайта подготовлены на основе наших источников в Таджикистане и других странах мира..