» 6 МЕДАЛ. Кори олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон сазовори баҳои баланд гардид

---

6 МЕДАЛ. Кори олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон сазовори баҳои баланд гардид

Аз 4 то 7 феврали соли 2024 дар шаҳри Ал-Кувайти давлати Кувайт Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон баргузор гардид. Дар он дар байни 65 кишвари ҷаҳон 10 олиму профессор ва ихтироъкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби 6 медал гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 6 нафар, аз ҷумла доктори илмҳои химия, профессорон Мубашширхон Раҳимова, Сироҷиддин Раҷабзода ва номзади илмҳои химия, дотсентон Мавлуда Давлатмамадова, Ҷаҳонгул Давлатшоева, Назира Бекназарова ва  Муқаддас Қурбонова корҳои ихтирооташонро пешниҳод намуданд
Баъд аз натиҷагирии ҳайати баландпояи ҳакамон, ки аз муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии ҷаҳонӣ созмон ёфта буд, маросими расмии ҷоизасупорӣ баргузор гардид. Дар маросим вазири таҳсилоти олӣ ва пажуҳиши илмии Давлати Кувайт,  доктор Одил ал-Удвонӣ, намояндагони марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истеҳсолии Кувайт ва аъзои корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат бо ҳузури васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кувайтӣ иштирок намуданд.
Дар байни 145 иштирокчӣ аз 65 давлати ҷаҳон олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 2 медали тилло, 1 Ҷоизаи WOIS (Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ), 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Ихтирооти пешниҳодшуда бештар ба самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бахшида шуда буд. Ҳайати ҳакамон ба ихтирооти олимони тоҷик баҳои баланд дода, ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Дар назар аст, ки дар наздиктарин рӯзҳо грантҳои илмӣ байни олимони тоҷик ва олимони давлати Кувайт амалӣ гарданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Присылайте новости на электронную почту: tamos@orien.info.

забонҳо

АДМИНИСТРАЦИЯ САЙТА:

Все информационные материалы сайта подготовлены на основе наших источников в Таджикистане и других странах мира..