» » » Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2024» оид ба ҷудо 9 варзишгар муаррифӣ менамояд

Главная / спорт

Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2024» оид ба ҷудо 9 варзишгар муаррифӣ менамояд

 АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2024» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд. Мусобиқа аз 22 то 24 март бо иштироки 541 ҷудочӣ аз 83 давлати ҷаҳон баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар, аз ҷумла Аҳлия Муъминова дар вазни то 52кг, Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Ҳақдод Гулов, ҳарду дар вазни то 60кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов ва Абубакри Акобир, ҳарду дар вазни то 100кг муаррифӣ менамояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Присылайте новости на электронную почту: tamos@orien.info.

забонҳо

АДМИНИСТРАЦИЯ САЙТА:

Все информационные материалы сайта подготовлены на основе наших источников в Таджикистане и других странах мира..